Ссылки доступа

Даҳ гумонбари "Парвандаи Кампиробод" дар Қирғизистон гуруснашиниро қатъ карданд


Даҳ гумонбари "Парвандаи Кампиробод" дар Қирғизистон аз гуруснашинӣ даст кашиданд. Дар ин бора аз Хадамоти иҷрои ҷазои вазорати адлияи Қирғизистон ба расонаҳо хабар доданд.

Миёни касоне, ки гуруснашиниро қатъ карданд, шаш зан ва чаҳор мард аст. Хадамоти иҷрои ҷазо номи онҳоро зикр накардааст.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон моҳи октябри соли 2022 тақрибан 30 сиёсатмадор ва фаъоли ҷомеа бо гумони "омодагӣ ба ташкили ошӯбҳои оммавӣ" боздошт шуданд.

Ба нишони эътироз ба ҳукми ҳабси пешакии худ 19 гумонбари ин парванда гуруснанишинӣ эълон карданд. Вакилони мудофеи бархе боздоштшудаҳо ва намояндагони Пажуҳишгоҳи Омбудсмен аз вазъи саломатии онҳо нигаронӣ карданд.

Содир Ҷабборов рӯзи 17 декабр дар мусоҳиба бо нашрияи давлатии "Кабар" дар шарҳи “қазияи Кампиробод” изҳор дошт, ки “беш аз 90 дарсади онҳое, ки имрӯз дар ҳабс ҳастанд, борҳо дар баҳсҳои пӯшидаи масъалаи марз ширкат кардаанд ва бояд бидонанд, ки масъалаи Кампиробод ба нафъи Қирғизистон ҳал шудааст”. Ба гуфтаи президент, боздоштшудаҳо "мардумро ба шӯр” оварда, талош кардаанд, ки "табаддулоти давлатӣ" ташкил кунанд.

XS
SM
MD
LG