Ссылки доступа

Дар Қирғизистон гумонбарони "парвандаи Кампиробод" гуруснашиниро қатъ карданд


Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон мегӯяд, тақрибан ҳамаи боздоштшудаҳо дар доираи ба истилоҳ, "парвандаи Кампиробод" гуруснанишинии эътирозии худро қатъ карданд.

Ба иттилои хадамот, аз 17 гумонбар 16 тоаш гуруснанишиниро қатъ кардааст. Манбаъ номи яке аз гумонбаронеро, ки гуруснанишинии худро то ҳол идома медиҳад, ошкор накардааст.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон моҳи октябри соли 2022 тақрибан 30 сиёсатмадор ва фаъоли ҷомеа бо гумони "омодагӣ ба ташкили ошӯбҳои оммавӣ" боздошт шуданд.

Ба нишони эътироз ба ҳукми ҳабси пешакии худ 19 гумонбари ин парванда гуруснанишинӣ эълон карда буданд.

XS
SM
MD
LG