Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Узбекистон, ронандаи автобуси "Mercedes-Benz"-ро, ки ба ширкати "Ал-Афаҷ" тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат дар роҳ хобаш бурдааст.
Манбаъ афзуда, ки ба зоирони осебдида дар бемористонҳои "Вадӣ ал-Фар" ва "Ал-Химна"-и шаҳри Мадина ёрии тиббӣ расонида шудааст. Ҷамъан дар дохили автобус 50 шаҳрванди Узбекистон қарор доштаанд.
Дар натиҷаи садамаи автобусе дар шоҳроҳи Ҷидда-Мадинаи Арабистони Саудӣ 27 декабр 10 зоири узбекистонӣ осеб дидааст.