Нашрия менависад, русиягиҳое, ки мехостанд, бар асоси шартномаи иҷораи манзил дар Туркия соҳиби ҳаққи иқомати доимӣ шаванд, акнун дархостҳояшон барои ҳаққи иқомат рад мешавад. Ба онҳое, ки дархосташон рад шудааст, барои тарк кардани Туркия 10 рӯз муҳлат медиҳанд.
Бино ба қонунгузориҳои Туркия, русиягиҳо метавонанд, дар он кишвар 60 рӯз бидуни виза қарор дошта бошанд.
Пештар аз ин шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил шикоят доштанд, ки наметавонанд, дар Туркия бар асоси шартномаи иҷораи манзил соҳиби ҳаққи паноҳандагӣ шаванд.
Русиягиҳое, ки бо ҳадафҳои сайёҳӣ вориди Туркия шудаанд, баррасии дархости иқомати доимиашон аз 26 декабр қатъ шудааст. Дар ин бора нашрияи Vpost хабар медиҳад.