Ссылки доступа

Дар Узбекистон фурӯши сигору машруботро ба афроди зери синни 21 манъ мекунанд


Сенати Узбекистон рӯзи 27 декабр тарҳи нави қонун "Дар бораи маҳдудияти фурӯш ва истеъмоли машрубот ва сигор"-ро қабул кард.

Ин қонун рӯзи 25 октябри соли 2022 аз сӯи палатаи поёнии порлумони Узбекистон қабул шуда буд.

Акнун қонуни мазкур бояд аз сӯи президенти Узбекистон имзо шавад. Дар сурати имзо шудан баъд аз се моҳ ба иҷро хоҳад даромад. Аммо тартиби нави бастабандиҳо ва навиштаҷоти маҳсулоти тамоку баъд аз як сол вориди амал мешавад.

Қонун фурӯши машрубот ва маҳсулоти тамокуро ба афроди зери синни 21 манъ мекунанд. Айни замон дар Узбекистон фурӯши ин маҳсулот ба афроди аз 20-сола поён манъ аст.

XS
SM
MD
LG