"Муҳлати ҳабси пешакии М.Козачков бетағйир боқӣ гузошта шуда, вай то 18 феврали соли 2023 дар боздошт мемонад. Дархости вакили мудофеъ барои аз ҳабс озод кардани рӯзноманигор рад карда шуд", - омадааст дар хабари додгоҳи шаҳрии Алмато.
Оҷонси мониторинги молӣ дар Қазоқистон 18 декабр хабар дод, ки рӯзноманигор Михаил Козачков, бунёдгузори канали "Kozachkov offside" дар паёмакрасони Телеграм ва хабарнигори нашрияи "Время" дастгир шудааст.
Ӯ дар мусоидат ба "гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ"-и Елдос Коспаев айбдор мешавад. Тибқи фарзияи оҷонс, Коспаев гӯиё аз "хидматҳои Козачков барои ҳамлаҳои иттилоотӣ зидди қурбониёни ғасбҳои рейдерӣ истифода мекардааст". Козачков барои ин "хидматҳояш" аз гуруҳи ҷиноӣ 52 миллион танга гирифтааст.
Худи рӯзноманигор дар номааш аз дохили боздоштгоҳ гуфт, ки сардори Оҷонси назорати молии Қазоқистон Жанат Элиманов мехоҳад аз ӯ қасос гирад ва бинобар ин, вайро дастгир кардааст.