Ссылки доступа

Омбудсмен Азимова раиси Додгоҳи конститутсионии Қазоқистон таъйин шуд


Элвира Азимова 29 декабр раиси Додгоҳи конститутсионии Қазоқистон таъйин шудааст.

Хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон иттилоъ додааст, ки Азимова корро дар мансаби наваш аз 1 январи соли оянда шуруъ мекунад.

Элвира Азимова аз моҳи сентябри соли 2019 дар мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон ифои вазифа мекард.

Додгоҳи конститутсионӣ, ки Азимова раиси он таъйин шуд, аз 1 январи соли 2023 фаъолиятро оғоз хоҳад кард. Ин додгоҳ дар асоси қонуни нав "Дар бораи додгоҳи конститутсионӣ"-и Қазоқистон таъсис дода шудааст.

XS
SM
MD
LG