Ссылки доступа

Ҷабборов вазъи забони русӣ дар Қирғизистонро шарҳ дод


Раисҷумҳур Содир Ҷабборов дар суҳбат бо расонаи давлатии "Кабар" гуфт, раҳбарияти Қирғизистон "барои рушди забони русӣ дар саросари ин кишвар иқдомҳои бузургеро анҷом додааст".

Ба гуфтаи Ҷабборов, хидматчиёни давлатии Қирғизистон дар ҳуҷҷатгузорӣ ба забони расмӣ “ба иштибоҳҳои зиёд” роҳ медиҳанд ва бинобар ин, вай пешниҳод карда буд, ки ҳуҷҷатҳо бо забони давлатӣ ва бо тарҷумаи русӣ таҳия карда шаванд.

"Дар баъзе мавридҳо ҳуҷҷати асосӣ бо забони қирғизӣ ва замима бо забони русӣ аст. Барои роҳ надодан ба иштибоҳ зарур аст, ки ҳуҷҷати асосӣ бо забони қирғизӣ бошад ва нусхаи русӣ ба он замима шавад. Мо то ҳол ҳуҷҷатҳоеро аз қирғизӣ ба русӣ тарҷума мекунем. Ба ҳама маълум аст, ки забони русӣ дар Конститутсияи мо ҳамчун забони расмӣ сабт шудааст", - изҳор доштааст президенти Қирғизистон.

Ҷабборов ҳамчунин афзуда, ки соли 2021 аз президенти Русия Владимир Путин барои сохтмони 9 мактаби русӣ дар Қирғизистон кумак хоста буд.

XS
SM
MD
LG