Ссылки доступа

Узбекистон фурӯши доруҳои ширкати ҳиндии "Marion Biotech"-ро манъ кард


Мақомоти Узбекистон фурӯши ҳамаи доруҳоеро, ки аз сӯи ширкати ҳиндии "Marion Biotech" истеҳсол мешаванд, аз 30 декабр дар он кишвар манъ карданд.

Дар ин бора сухангӯи Оҷонси рушди саноати дорусозӣ дар Узбекистон Қизлархон Бегматова рӯзи 30 декабр дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Тошканд хабар дод.

Пеш аз ин, дар Узбекистон фурӯши доруи "Док-1 Макс", ки аз сӯи ширкати мазкур истеҳсол мешуд, манъ карда шуд. Дар Узбекистон 19 кудак баъди истеъмоли "Док-1 Макс" ҷон додааст.

Ахиран Танзимгари миллии Ҳинд рӯзи 29-уми декабр хабар дод, ки ширкати "Marion Biotech" истеҳсоли доруи "Док-1 Макс"-ро қатъ кардааст.

Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон дар робита ба марги 19 кӯдак баъд аз истеъмоли доруи "Док-1 Макс" парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Дар робита ба марги кӯдакон дар Узбекистон дар Қирғизистон низ фурӯши доруи "Док-1 Макс"-ро манъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG