Ссылки доступа

Марде дар Қазоқистон бо гумони куштори кудаки 4-сола дастгир шуд


Ҷасади Данил Охунови чаҳорсола, ки рӯзи 28 декабр дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон бедарак шуда буд, имрӯз, 30 декабр бо нишонаҳои марги маҷбурӣ пайдо шудааст.

Пулиси Оқтеппа гуфта буд, ки кудак субҳи 28 декабр аз саҳни як манзили зист, воқеъ дар кучаи Қазангапаи шаҳр гум шудааст. Ба ҷустуҷӯи ӯ низомиёни Горди миллӣ ва ихтиёриён ҳам иштирок доштанд.

"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷасади кудаки гумшуда бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо шуд. Шахси гумонбар дар содир намудани ҷиноят дастгир гаштааст, - гуфт муовини сардори шуъбаи пулиси Оқтеппа Галим Байжанов.

Қазия бо банди "Куштори ноболиғ" тафтиш мешавад.

XS
SM
MD
LG