Ссылки доступа

Пулиси Қирғизистон боздошти 5 табиб дар Бишкекро шарҳ дод


Хадамоти матбуотии Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Ленини шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 2 январ боздошти табибони Маркази ҳифзи модару кӯдак ва беморхонаи кӯдаконаи шаҳрро шарҳ дод.

Манбаъ боздошти табибонро ба марги як тифл рабт додааст. Ин тифл, ки аз дарди меъда ранҷ мебурд, рӯзи 13 декабр ба яке аз бемористонҳои Бишкек бурда шудааст. Ӯро худи ҳамон рӯз ба шӯъбаи эҳёгарии бемористони дигар интиқол додаанд ва дар онҷо ҷон додааст.

Пулис сабабҳои марги тифлро тафтиш ва панҷ табиби Маркази ҳифзи модару кӯдак ва беморхонаи кӯдаконаи шаҳрро дастгир кардааст. Табибон бо қарори додгоҳ то 10 январ ба ҳабс гирифта шуданд. Як табиби дигар ҳабси хонагӣ шудааст.

Зидди табибон бо банди "Ба таври муносиб иҷро нашудани вазифаи касбии корманди тиббӣ ё фармасевтӣ" парванда боз шудааст.

Раҳбари иттифоқи касабаи мустақили тиббии Қирғизистон Бермет Бариқтабасова дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" навишт, ки "ин ҳодиса дар таърихи кишвар бори аввал рух медиҳад. Тифл хеши як мансабдори баландпоя аст".

XS
SM
MD
LG