Ссылки доступа

Низоми Tax Free дар фурудгоҳҳои Узбекистон фаъол шуд


Дар фурудгоҳҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Фарғона ва Урганҷи Узбекистон рӯзи 2 январ маросими фаъолсозии низоми Tax Free баргузор гардид.

Низоми Tax Free баргардонии андоз аз арзиши иловашударо мадди назар дорад, ки шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми хариди бархе аз молу маҳсулот дар дохили Узбекистон онро мепардозанд. Низоми Tax Free дар бисёре аз кишварҳои дунё фаъол аст.

Номгӯи молу маҳсулотеро, ки андози онҳо ба харидор баргардонида мешавад, ҳукумати Узбекистон рӯзи 8 ноябри соли 2022 муайян кардааст. Инҳо савғотиҳо, чормағз, мева ва хушкмева, маҳсулоти аз пӯст омодашуда, қолин, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайра ҳастанд.

Барои баргардонии андоз шаҳрванди хориҷӣ бояд ба маблағи на камтар аз 90 доллари ИМА аз Узбекистон маҳсулот харида бошад.

XS
SM
MD
LG