Ссылки доступа

Президенти Қазоқистон қонуни барканории мансабдоронро барои мувофиқ набудани дахлу харҷашон имзо кард


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон тағйирот ба қонуни мубориза бо фасодро рӯзи 3 январ имзо кард.

Пештар аз ин Сенати Қазоқистон тағйиру иловаҳо ба қонуни зидди фасодро қабул карда буд. Шуруъ аз соли 2027 дар Қазоқистон мансабдороне аз мақом ронда хоҳанд шуд, ки дахлу харҷашон баробар нест.

Дар қонуни мазкур омадааст, ки агар номувофиқатии дахлу харҷи мансабдорони давлатӣ аз ҳаҷми ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад, мансабдор ҷарима баста мешавад.

Вале агар харҷҳои мансабдор аз нишондодҳои эъломияаш бештар аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бошад, аз мақом барканор мешавад.

XS
SM
MD
LG