Ссылки доступа

Узбекистон созишномаи фурӯши барқ ба Афғонистонро тамдид кард


Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҳукумати Толибон дар Афғонистон шартномаи хариди нерӯи барқ аз Узбекистонро барои як соли дигар тамдид кард.

Ба иттилои "TOLOnews", Абдуллатиф Мансур, иҷрокунандаи вазифаи вазири энергетика ва захираҳои об дар ҳукумати Толибон рӯзи 2 январ аз Тошканд боздид кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, қатъи нерӯи барқ дар шаҳри Кобул ва як қатор минтақаҳои дигари Афғонистон ба камбуди фаннӣ дар нерӯгоҳҳои Узбекистон рабт дорад.

Мансур гуфтааст, созишномаи хариди нерӯи барқ аз Узбекистон барои соли 2023 ба имзо расидааст ва аз афғонистониҳо даъват кардааст, ки нерӯи барқро сарфа кунанд.

XS
SM
MD
LG