Ссылки доступа

Боздошти се милиса дар Кӯлоб пас аз таҷаммӯи сокинон


Се корманди Раёсати умури дохилии Кӯлобро, ки масъули боздошти Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола буданд, дастгир кардаанд.

Иттиҳоми зидди онҳо маълум нест. Мақомот расман хабар надоданд. Манобеъ мегӯянд, масъалаи шиканҷа матраҳ нест.

Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлоб, шаби 2-юм ба 3-юми январ пас аз боздошт аз сӯи маъмурони милиса дар шароити мармуз даргузашт. Наздиконаш даъво доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа ҷон додааст. Вазорати корҳои дохилӣ сабаби марги ӯро истеъмоли аз меъёр беши маводи мухаддир номид.

  • Зафар Холов
  • Шамшод Шарифов
  • Ҷамшед Кароматов, маъмурони милисаи Кӯлоб, ҳоло дар боздоштанд, вале ҳанӯз нисбат ба онҳо айб эълон нашудааст.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои тафтишотӣ, ки нахост, номаш зикр шавад, рӯзи 4-уми январ гуфт, “кормандони милиса бе иҷозаи додгоҳ Абдуқаҳҳор Розиқовро боздошт карда, пеш аз марг барои наҷоти ҷони ӯ талоше анҷом надодаанд.”

“Онҳо худсарона шаҳрвандро боздошт кардаанд. Ҳоло натиҷаи пурраи ташхисро интизорем, то парванда боз шавад. Милисаҳо худсарона амал кардаанд, хунукназарӣ кардаанд, вале ҳолатҳои шиканҷа шудан ё нашуданро натиҷаҳои ниҳоии ташхис маълум мекунад,” – афзуд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Марги мармузи Абдуқаҳҳор Розиқов рӯзи 3-юми январ эътирози гурӯҳе аз сокинони Кӯлобро ба бор овард. Онҳо ҷасадро то шом аз сардхона нагирифтанд ва талаби боздошти онҳоеро намуданд, ки дар марги ин сокини шаҳр даст доранд.

Сафар Гиеёев, тағои Абдуқаҳҳор шаби 3-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ба онҳо се милисаи боздоштшударо нишон доданд, ки дар боздошти ӯ иштирок карда буданд. “Ба мо гуфтанд, ки милисаҳоро боздошт кардем ва парвандаашон таҳқиқ мешавад. Мо ҷасадро аз сардхона гирифтем,” – гуфт ӯ.

Дар гузашта низ чанд гумонбар пас аз боздошт аз сӯи маъмурони милиса ва Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ҷон бохта буданд. Наздикони онҳо ҳамеша аз шиканҷа гуфтаанд, вале мақомот аз сактаи дилу муътодӣ.

XS
SM
MD
LG