Ссылки доступа

Азиза Ҳайдарова, котибаи додраси пешин, 10 сол зиндонӣ шуд


Рустам Саидаҳмадзода ва Азиза Ҳайдарова
Рустам Саидаҳмадзода ва Азиза Ҳайдарова

Котибаи як додраси пешинро, ки бо "ҳукмҳои сафед"-аш маъруф аст, вале ҳоло дар боздошт қарор дорад, ба даҳ сол зиндон маҳкум карданд. Азиза Ҳайдароваи 23-сола ба "қаллобӣ", "исрофкорӣ" ва "сохтакории далелҳо" гунаҳкор шудааст. Худаш ҳукмро ноодилона медонад.

Муҳокимаи Азиза Ҳайдарова дар бинои Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, аммо зери раёсати додраси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ гузашт.

Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ 4-уми январ гуфт, ҳукм рӯзи 26-уми декабри соли 2022 эълон шуд. "Додрас баъзе аз ҷанбаҳоро ба инобат гирифт ва чунин ҳукм содир кард. Пештар додситон барояш 14 сол зиндон хоста буд," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Пайвандонаш эълони ҳукми Азиза Ҳайдароваро тасдиқ карда, вале гуфтанд, ӯ хулосаи додрасро напазируфт ва бозбинияшро талаб кард.

Азиза Ҳайдарова, котибаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 10-уми июни соли гузашта ба гумони қаллобӣ дастгир шуд. Дертар муфаттишон "исрофкорӣ" ва "сохтакории далелҳо"-ро ба парвандааш изофа карданд.

Барно Ҳайдарова, модари Азиза Ҳайдарова, аз ҳукми додгоҳ асабонӣ ва шадидан норозӣ аст ва ҳозир нашуд, рӯзи 4-уми январ ба суолҳои мо посух диҳад. Дар суҳбати пешинааш гуфта буд, ки сухан дар бораи хонае дар шаҳри Хуҷанд меравад. Мақомот онро ҳосили қаллобии Азиза Ҳайдарова донистаанд, вале модараш иддао дорад, ки онро се сол пеш бо пули дар Русия ба даст овардааш харид.

Хонум Ҳайдарова ҳамзамон иддао карда буд, ки муфаттишон духтарашро ба зидди Рустам Саидаҳмадзода, додраси пешини Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров истифода карданӣ ҳастанд ва баҳси хона як баҳона аст.

Рустам Саидаҳмадзода рӯзи 29-уми июни соли гузашта дастгир шуда, ба "додани хабари дурӯғ" ва "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" гумонбар аст. Номи ӯ ду сол пеш ва пас аз онки як сокини вилояти Суғдро дар муҳокима бегуноҳ эълон кард, дар сархати расонаҳо қарор гирифт.

Дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас фаъоланд. Дар бештар аз даҳ соли охир зиёда аз сӣ нафар ба иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз мансаб рондаву дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот ошкоро намегӯянд, ки додрасҳо чӣ гуноҳ кардаанд, аммо баъзе аз манобеъ қазияи онҳоро бештар ба ришваситонӣ пайванд медиҳанд.

Дар ду моҳи охир дар Тоҷикистон камаш се додрасро аз ду то панҷ сол аз озодӣ маҳрум карданд.

XS
SM
MD
LG