Ссылки доступа

Дар ҷануби Қирғизистон ду касро бо гумони рабудани як духтар боздошт карданд


Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ду мардро бо гумони рабудани як духтар, бо ҳадафи издивоҷи маҷбурӣ, боздошт карданд. Дар ин бора пулиси шаҳри Ӯш хабар медиҳад.

Ба иттилои пулис, ин ҳодиса рӯзи 31 декабри соли 2022, тақрибан соати 16:30 дар роҳи Бишкек-Ӯш сурат гирифтааст. Нозири роҳ нақлиётеро мушоҳида кардааст, ки бо поймолсозии қоидаҳои ҳаракат сӯи шаҳри Узген мерафт. Нақлиётро танҳо дар деҳаи Қирғиз-Чек манъ кардаанд.

"Аз дохили мошин фарёди духтар шунида мешуд, ки вай ба ёрӣ мехонд. Муайян карда шуд, ки ӯро бо ҳадафи издивоҷи иҷборӣ маҷбуран аз шаҳри Ӯш ба ноҳияи Қара-Кулҷин бурдаанд. Ду марди 25-сола ба пулиси шаҳри Ӯш супорида шуданд", - омадааст дар хабари пулис.

Айни замон аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Мақомоти Қирғизистон пештар хабар дода буданд, ки дар соли 2021 дар он кишвар 560 ҳолати рабудани духтарон бо ҳадафи издивоҷи иҷборӣ сабт шудааст.

Дар Қирғизистон барои чунин ҷиноят аз 5 то 7 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG