Ссылки доступа

Узбекистон таътили тобистонаи донишомӯзонро тамдид кард


Таътили зимистона дар мактаб ва донишгоҳҳои Узбекистон то 17 январи имсол тамдид карда шуд.

Дар ин бора Вазорати маорифи Узбекистон хабар додааст.

Таътили зимистона дар муассисаҳои таълимии Узбекистон мебоист 9 январ ба поён мерасид ва дарсҳо 10 январ шуруъ мешуданд.

Вазорат тамдиди таътилро ба номусоидии бодуҳаво ва якбора сард шудани ҳаво дар рӯзҳои 10-15 январ рабт додааст.

Дар боғчаҳои Узбекистон низ аз 10 то 18 январ таътил эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG