Ссылки доступа

Табибони боздоштшудаи қирғиз ҳабси хонагӣ шуданд


Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек панҷ табиби боздоштшудаи Маркази миллии ҳифзи модару кӯдак ва беморхонаи кӯдаконаи пойтахти Қирғизистонро то 18 феврал ба ҳабси хонагӣ гирифт.

Дар ин бора вакили дифоъ Чинора Ҷакупбекова ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ додааст. Хабарро дар Вазорати тандурустии Қирғизистон ҳам тасдиқ карданд.

Додгоҳи ноҳияи Ленин 30 декабри соли гузашта табибонро то 10 январ ба ҳабси пешакӣ маҳкум карда буд.

Панҷ пизишки Маркази муҳофизати модару кӯдак ва бемористони кӯдаконаи шаҳрӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 30 декабри соли 2022 боздошт шуданд.

Мақомот онҳоро дар "Хунукназарӣ дар иҷрои вазифаҳои касбии тиббӣ" гумонбар мекунанд.

Боздошти пизишкон ба марзи як кӯдак рабт дорад. Кӯдакеро субҳи 13 декабри соли 2022 бо дарди меъда ба беморхона оварданд. Нисфирӯзи 13 декабр кӯдак дар беморхона фавтид. Пулис баъди ин ҳодиса тафтишро шуруъ кард.

XS
SM
MD
LG