Ссылки доступа

Дар корхонаи "АрселорМиттал Темиртау" дар Қазоқистон як коргар фавтидааст


Дар ҳудуди корхонаи "АрселорМиттал Темиртау" дар Қазоқистон як коргар фавтидааст.

"Аз рӯи далели марги коргар бо моддаи "вайрон кардани тартиби ҳифзи меҳнат" парванда боз шудааст", - хабар доданд дар пулиси Қазоқистон.

Ба иттилои расонаҳо, коргар аз зарби неруи барқ фавтидааст.

Ширкати "АрселорМиттал Темиртау" соҳиби чанд корхонаи оҳангудозӣ ва чандин нақб дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон аст. Ин ширкат ба Лакшми Митталу, яке аз сарватмандтарин одамони дунё тааллуқ дорад.

XS
SM
MD
LG