Ссылки доступа

Як узви гуруҳи ҷиноиро дар Қирғизистон дар ғасби 100 га замин гумонбар мекунанд


Дар ноҳияи Кочкори вилояти Норини Қирғизистон як узви гуруҳи муташаккили ҷиноӣ боздошт шудааст.

Ба иттилои мақомоти қудратии Қирғизистон, боздоштшуда дар соли 2022 "худсарона бештар аз 100 га заминҳои ноҳияи Кочкорро соҳиб шудааст".

Боздоштшуда Ш.Н.О., узви фаъоли гуруҳи ҷиноии ноҳияи Кочкор аст, хабар медиҳанд мақомоти Қирғизистон. Вай дар моҳи декабри соли 2022 ибтидо бо гумони тамаъҷӯӣ аз соҳиби қаҳвахонае дар деҳаи Кочкор боздошт шуда буд.

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Қирғизистон, айни замон дар он кишвар 1177 узви гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ сабт шудаанд.

XS
SM
MD
LG