Ссылки доступа

Дар Самарқанд як мард зану кудакашро кушта, худро овехтааст


Як мард дар вилояти Самарқанди Узбекистон зан ва кӯдаки 5-моҳаашро кушта, худро ба дор овехтааст.

Додситонии кулли Узбекистон хабар дода, ки ҳодиса 24 декабри соли гузашта дар ноҳияи Оқдарёи Самарқанд рух додааст. Ҷасади ин се нафарро сокини маҳаллаи "Ғаларавот", ки ба хонаҳо онҳо рафта буд, ошкор кардааст.

Бино ба маълумоти пешакӣ, мард ҳангоми ҷанҷол ду маротиба ба гардани ҳамсараш бо кайчи зада, сипас кӯдаки дар гаҳвора хобидаро бо дастонаш буғӣ кардааст. Пас аз ин ӯ худро ба дор овехтааст.

Дар робита ба ин ҳодиса додситонии ноҳия бо банди "Қасдан куштани ду шахс ва зиёда аз он" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

XS
SM
MD
LG