Аз ин миён, 21 қитъаи роҳ хусусияти ҷумҳуриявӣ доранд.
"Ҳоло дар шоҳроҳи Остона-Шучинск 8 мошини боркаш, дар шоҳроҳи Оқтеппа-Карабутак 30 мошин банд монда, дар даромадгоҳи ноҳияи Абай ҷамъшавии мошинҳо мушоҳида мешавад", - омадааст дар хабари вазорат.
Манбаъ афзуда, ки кормандони наҷот дар як шабонарӯзи гузашта ба 37 нафар, аз ҷумла 9 кӯдаки дармонда кумак расондаанд.
Дар Қазоқистон ибтидои соли равон 109 қитъаи роҳ ба далели номусоидии бодуҳаво баста шуда буд. Дар шаҳри Жанатаси вилояти Ҷамбили ин кишвар ба хотири туфони сахт ҳолати фавқулода эълом карданд.
Парвозҳо дар фурудгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон ҳам ба таъхир меафтанд.