Ссылки доступа

Парвандаи рӯзноманигори қирғизистонӣ Санрабия Сатибалдиева ба додгоҳ ирсол шуд


Парвандаи ҷиноии рӯзноманигори қирғизистонӣ Санрабия Сатибалдиева ва наворбардор Калис Аширбоев ба додгоҳ ирсол шудааст. Дар ин бора вакили мудофеи онҳо Замир Жоошев хабар дод.

"Охири моҳи декабри соли 2022 парвандаи афроди таҳти ҳимояи ман ба додгоҳ ирсол шуд. Сатибалдиева ва Аширбоев дар узвият ба гуруҳи ҷиноӣ ва тамаъҷӯӣ гумонбар мешаванд. Рӯзи 13 январ чораи ҳабси пешакии наворбардор баррасӣ мегардад. Ман аз мақомоти вазорати корҳои дохилӣ санад гирифтам, ки Санрабия Сатибалдиева ҳамчун узви гуруҳи ҷиноӣ дар қайд нест. Мо ин иттилоъро ба муфаттиш расонидем ва гуфтем, ки онҳо нахуст айбҳои эъломшударо исбот ва баъдан парвандаро ба додгоҳ ирсол кунанд, аммо ин кор сурат нагирифтааст", - гуфт Жоошев.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 3 ноябри соли 2022 хабар дода буд, ки чанд нафарро ҳангоми тамаъҷӯии 2 ҳазор доллар боздошт кардаанд. Боздоштшудаҳо мунтазам аз вакилони порлумон маблағ мегирифтаанд. ВКД мегӯяд, вакилони порлумонро бо нашри сабти садоҳои солҳои 2016-2017 "шантаж" мекарданд.

Дар доираи парвандаи мазкур мудири расонаи "Мир24.kg" Санрабия Сатибалдиева ва наворбардори ҳамин расона Калис Аширбоев боздошт шуданд.

Санрабия Сатибалдиеваи ҳомиладор рӯзи 4 ноябр аз ҳабс озод шуд.

XS
SM
MD
LG