Ссылки доступа

СММ: ҷанг дар Украина бузургтарин мавҷи паноҳандагонро баъд аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ба бор овардааст


Ҳамлаи Русия ба Украина боиси пайдоиши бузургтарин мавҷи паноҳандагон баъд аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ шудааст. Дар ин бора рӯзи якшанбе оҷонси СММ дар умури паноҳандагон хабар дод.

"Бештар аз 7,9 млн одам кишварро тарк ва 5,9 млн дигар дар дохили кишвар кӯч бастаанд", - гуфт Катарина Лумп, як масъули СММ дар умури паноҳандагон.

Аз маҷмуи 41 млн аҳолии Украина ҳудуди 14 миллион манзилҳои худро тарк кардаанд. Лумп гуфт, Олмон барои ҳимоят аз паноҳандагони Украина 500 млн доллар ҷудо кардааст, ки баъд аз ИМА ин дувумин кӯмаки бузург ба ҳисоб меравад.

Дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо бузургтарин теъдоди паноҳандагони Украинаро Лаҳистон пазируфтааст: бино ба вазъи рӯзи 3 январи соли 2023, дар Лаҳистон расман 1 553 707 украин ҳамчун паноҳанда сабти ном шудааст.

XS
SM
MD
LG