Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон орд арзон ва тухм қимат шудааст


Бино ба арзёбии як муассисаи Созмони Милали Муттаҳид, нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон дар муқоиса ба як ҳафта пеш се дарсад поин омадааст.

Сабаби арзонтар шудани он, ба гуфтаи Барномаи Озуқавории Созмони Милал, воридоти бештари орд аз хориҷ будааст.

Ҳоло як халта орди навъи якум дар бозорҳои Тоҷикистон аз 280 то 320 сомонӣ арзиш дорад. Нархи равғани растанӣ ва шакар бетағйир мондааст.

Арзёбии мазкур рӯзи 8-уми январ нашр шуд ва дар он қимати маводи ғизоӣ дар 8 бозори Тоҷикистонро таҳқиқ кардаанд.

Дар давоми ду хафтаи охир нархи миёнаи тухм то ду фоиз афзуда, дар муқоиса бо моҳи гузашта як дарсад камтар, аммо нисбат ба соли гузашта 33 фисад зиёдтар аст.

XS
SM
MD
LG