Ссылки доступа

Дар Туркия як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони узвият дар ДИИШ боздошт шудааст


Пулиси Туркия як шаҳрвандони Узбекистон ва як тоҷикистониро бо гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар шаби Соли нав дар шаҳри Истамбули он кишвар дастгир кардааст.

Нашрияи “Sabah” бо истинод ба мақомоти қудратии Туркия иттилоъ додааст, ки гумонбарон гӯиё узви гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” ё худ ДОИШ мебошанд.

Шаҳрванди Узбекистон ва Тоҷикистон, ки ба ташкили ҳамлаи террористӣ гумонбар дониста мешаванд, шаби 31 декабри соли гузашта дар натиҷаи як амалиёти вижа дар ноҳияи Башакшаҳри Истамбул боздошт шудаанд.

Раванди истирдоди шаҳрванди Узбекистон ба ватан, ки мутахассиси омода кардани маводи тарканда аст, оғоз шудааст.

Тибқи иттилои мақомоти иктишофии Туркия, гумонбарон бо дастури ДИИШ мехостанд, дар Истамбул як ҳамлаи террористии монанд ба соли 2017 анҷом диҳанд.

XS
SM
MD
LG