Ссылки доступа

Қазоқистон аз як созишномаи Русия хориҷ мешавад


Қазоқистон тасмим дорад, аз созишнома бо Русия дар бораи таъмини табодули муштараки асъор ва устуворсозии қурби рубли русӣ ва тангаи қазоқӣ хориҷ шавад.

Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, ин созишнома таъсирнокиашро аз даст додааст ва қонунҳои наве қабул шудаанд, ки "масъалаҳои созишномаи мазкурро танзим мекунанд".

Созишномаи мазкур, ки дар ибтидои истиқлоли Қазоқистон имзо шуда буд, таъмини устувории табодули асъори ду кишвар, аз ҷумла табодули онҳоро бо асъори кишварҳои дигар дар назар дошт.

XS
SM
MD
LG