Ссылки доступа

Ташхиси бемориҳои гузарандаро барои қирғизистониҳо дар Москва ройгон карданд


Пардохти ҳаққи ташхиси ҳатмии бемориҳои гузаранда дар Москва барои қирғизистониҳо бекор шуд.

Дар ин бора сафорати Қирғизистон дар Русия хабар дод.

Қабули ин қарор дар пайи "муроҷиати батакрори ҷониби Қирғизистон, инчунин фаъолияти муштараки вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ва сафорат бо ҷониби Русия " ҳосил шудааст.

Пештар муҳоҷирони меҳнатии Қирғизистон дар Русия борҳо шикоят карданд, ки гузаштан аз ташхиси ҳатмии тиббӣ барояшон душворҳои зиёде ба бор меорад.

Ташхиси ҳатмии тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷи дар Русия 29 декабри соли 2021 ба иҷро даромад. Шуруъ аз он сана шаҳрвандони хориҷие, ки барои муҳлати бештар аз се моҳ вориди он кишвар мешаванд, вазифадор шуданд, аз ташхиси ҳатмии тиббӣ гузаранд ва доштан ё надоштани бемориҳои гузарандаро тасдиқ кунанд. Дар доираи ин тартибот, шаҳрвандони хориҷӣ барои истеъмоли маводи мухаддир ва бемориҳои гузаранда ташхис месупоранд.

Бино ба оморҳои расмӣ, бештар аз 1 млн шаҳрванди Қирғизистон дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG