"Тибқи иродаи мардуми Қазоқистон, ки 5 июни соли 2022 дар раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар бораи аз Конститутсияи Қазоқистон хориҷ кардани банди 4 баён шудааст, эътироф менамоем, дар ҳоли ҳозир Конститутсияи кишвар барои нигоҳ доштани қонун "Дар бораи президенти нахустин – элбасӣ" асосҳои ҳуқуқӣ надорад", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии додгоҳ.
Ба иттилои манбаъ, қарор аз рӯзи қабули он эътибор пайдо мекунад ва аз болои он шикоят бурдан номумкин аст.
Қазоқистон соли 2010 қонун дар бораи раисҷумҳури нахустинашро қабул кард, ки бар асоси он ба Назарбоев унвони “Элбасӣ” – “Пешвои миллат” дода шуд ва ин қонун ҳамчунин дахлнопазирии Назарбоевро кафолат медод.