Ссылки доступа

Шаҳрдории Бишкек соҳиби 20 автобуси нави чинӣ шуд


Шаҳрдории Бишкеки Қирғизистон 20 автобусеро, ки аз Чин харидорӣ кардааст, дарёфт намуд.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, дарозии автобусҳо 10,5 метр буда, бо газ ҳаракат мекунанд. Ҳар як автобус 75 ҷойи нишаст дорад.

Манбаъ афзуда, ки 100 автобуси боқимонда дар ояндаи наздик вориди пойтахти Қирғизистон хоҳанд шуд.

Барои харидани автобусҳои нав аз буҷаи шаҳрдории Бишкек 1 миллиард сом ҷудо гаштааст.

XS
SM
MD
LG