Ссылки доступа

Дар Ню Йорк муҳокимаи Сайфуллоро оғоз карданд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Дар Ню Йорк муҳокимаи Сайфуллоро оғоз карданд.​ Рӯзи душанбе дар ИМА муҳокимаи муҳоҷири узбек Сайфуло Соипови муттаҳам бо куштори 8 нафар шурӯъ шуд. Панҷ сол пеш баъди ҳамлаи хунин Соипов, ки соли 2010-ум ба Амрико муҳоҷират кардааст, ба афсари Хадамоти таҳқиқоти федеролӣ гуфта буд, аз ин кораш ифтихор мекунад.

- Дар таъйин ба мансаб садоқат ба назар гирифта мешавад ва ё лаёқат? Соли 2023 чун солҳои қабл бо тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон оғоз шуд. Охири ҳафтаи гузашта муовини аввали нахуствазир барканор ва раиси вилояти Хатлон, калонтарин вилояти Тоҷикистон интихоб шуд. Мансабдоронро аз як мансаб гирифтанду ҷойи дигар таъйин карданд. Ҳосили ин таъйинот чист? (видео)

- Оё ватандӯстӣ дар Тоҷикистон иҷборӣ мешавад? Дар Тоҷикистон қонуни баҳсбарангезро дар бораи ватандӯстӣ қабул карда, барои риоя накарданаш ҷавобгарӣ пешбинӣ намуданд (видео)

- "Мо ба вакилону раисон кор надорем". Дар Тоҷикистон, ҳар панҷ сол як бор мардум вакилони худро дар порлумон интихоб мекунанд. Вакилон намояндаи мардум ҳисоб мешаванд ва бояд манфиату ҳуқуқи сокинонро ҳимоят кунанд (видео)

- Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, шароити кор дар Кореяи Ҷанубӣ аз Русия беҳтар аст (видео)

- Дар Хатлон мавсими нави бузкашӣ бо пирӯзии човандоз аз Ӯзбекистон оғоз ёфт (видео)

- Хулосаи коршиносони тоҷик дар бораи баҳс бо Қирғизистон. Роҳи як замон серравуо ду сол боз бастааст. Ҳамсояҳое, ки дар суру мотами ҳамдигар шарик буданд, ҳоло аз сояи якдигар меҳаросанд. Чаро? (видео)

- Рӯзе, ки Тоқаев фармони оташро дод: на ҳамаи фаъолон имкони гиромидошти хотираи қурбониёнро пайдо карданд (видео)

- Январи хунин. Талдиқурғон, як сол баъд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG