Ссылки доступа

Барои гумонбари асосии ҳодисаҳои Нуқус 18 соли зиндон талаб шуд


Айбдоркунандаи давлатӣ барои гумонбарони асосӣ дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистони Узбекистон Давлатмурод Тоҷимуродов ва Лолагул Каллихонова мутаносибан 18 ва 11 соли зиндон талаб кардааст.

Барои гумонбарони дигар ҳукмҳои сабуктар ва танҳо барои ду нафар маҳдудшавии озодияшон талаб карда шудааст.

Ин талаби додситон 11 январ дар додгоҳи вилояти Бухорои Узбекистон, ки парвандаи 22 гумонбар дар ҳодисаҳои Нуқусро баррасӣ мекунад, садо додааст. Қарор аст, имрӯз 12 январ баррасии парванда идома ёбад.

Рӯзҳои 1-2 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Нуқус зидди тағйир додани мақоми конститутсионии ин ҷумҳурӣ гирдиҳамоӣ ташкил шуд.

Неруҳои қудратии Узбекистон гирдиҳамоиро пахш карданд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодисаҳо 21 кас кушта ва 243 кас маҷруҳ гардидааст. Мақомот 516 тани дигарро боздошт карданд.

Дар додгоҳи олии Узбекистон гуфтанд, 22 кас бо моддаҳои "Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ", "Сӯиқасд ба сохти конститутсионии Узбекистон", "Ғоратгарӣ", "Дузди тавассути аз худсозӣ ё исрофкорӣ", "Соҳиб шудан, нобуд кардан, зарар расонидан ё кушодани ҳуҷҷатҳо, муҳрҳо, бланкаҳо, рақамҳои қайди давлатии нақлиёт", "Бетартибии оммавӣ", "Авбошӣ" ва ғайра айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG