Ссылки доступа

Дар Қазоқистон 69 шаҳрванди дармондаи Узбекистонро аз сардӣ наҷот доданд


Мақомоти вилояти Оқтеппаи Қазоқистон мегӯянд, даҳҳо шаҳрванди Узбекистонро, ки дар ду автобус ба далели боридани барфи зиёд дар роҳ дармонда буданд, ба ҷои амн интиқол додаанд.

Хадамоти матбуотии Департаменти ҳолатҳои фавқулодаи Оқтеппа хабар додааст, ки 11 январ як автобус бо 41 мусофир дар шоҳроҳи "Самара-Чимкент" дар ҳудуди ноҳияи Иргизи ин вилоят дармонда буд.

Ба иттилои манбаъ, дар дохили автобус 3 шаҳрванди Қазоқистон ва 38 узбекистонӣ қарор доштанд. Мусофирон дар бинои мактаби миёнае ҷой дода шудаанд.

Кормандони департамент худи он рӯз 31 шаҳрванди дармондаи дигари Узбекистонро дар ин шоҳроҳ наҷот додаанд.

Ҳар ду автобус ба далели боридани барфи зиёд дар роҳ дармондаанд.

XS
SM
MD
LG