Ссылки доступа

Хориҷиҳоро ба сармоягузорӣ дар Қирғизистон ҳавасманд мекунанд


Порлумони Қирғизистон лоиҳаи қонун дар бораи додани раводид ба шаҳрвандони хориҷиеро, ки дар ин кишвар аз 10 то 20 миллион сом сармоягузорӣ мекунанд, қабул кард.

Ин лоиҳа 11 январ дар порлумони Қирғизистон дар қироати севум ба тасвиб расида, барои имзо ба президенти он кишвар пешниҳод шудааст.

Дар сурати имзо шудани он, шаҳрвандони хориҷӣ бар ивази сармоягузорӣ метавонанд раводид ё визаи сафар ба Қирғизистонро ба муҳлати аз 5 то 10 сол дарёфт кунанд.

Лоиҳаи қонунро чаҳор вакили порлумони Қирғизистон Достон Бекешев, Элвира Сурабалдиева, Жанарбек Акаев ва Саидбек Отамбоев пешниҳод кардаанд ва ҳадафи он "фароҳам овардани шароит барои сармоягузорон дар кишвар" гуфта мешавад.

Бархе аз вакилони қирғиз ҳангоми баррасӣ изҳори нигаронӣ карданд, ки қонуни нав метавонад ба як абзори пулшӯӣ дар он кишвар табдил ёбад. Аммо муаллифон итминон доданд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Оҷонси миллии сармоягузории назди президент ва Хадамоти иктишофии молии Қирғизистон тоҷиронеро, ки мехоҳанд дар кишвар сармоягузорӣ кунанд, тафтиш хоҳанд кард.​

XS
SM
MD
LG