Муовини вазири умури дохилии Қазоқистон Игор Лепех хабар дод, ки ҳукумати ин кишвар 11 январ қоида, шароит ва муҳлати қайди чунин мошинҳоро ба тасвиб расондааст. Қоидаҳо аз 23 январи имсол мавриди иҷро қарор мегиранд.
"Мо аз ин сана қонунигардонии мошинҳои хориҷиро оғоз мекунем", - изҳор доштааст Лепех.
Ба гуфтаи муовини вазири умури дохилии Қазоқистон, қонунигардонии мошинҳои мазкур ба шартҳои зерин ва пардохти боҷ ба маблағи 200 ҳазор танга сурат мегирад:
- мошин бояд то 1 сентябри соли 2022 вориди Қазоқистон шуда бошад;
- дар ҷустуҷӯ набошад;
- дар қайди кишваре, ки аз он ворид шудааст, набошад;
- аз санҷиши гумрукӣ гузашта бошад.
Вазорати умури дохилии Қазоқистон афзудааст, ки қайди мошинҳои хориҷӣ то 1 июли имсол идома меёбад.