Ссылки доступа

"Вечерний Бишкек" "Kaktus.media"-ро ба додгоҳ кашид


Дар Қирғизистон нашриёти "Вечерний Бишкек" хабаргузории "Kaktus.media"-ро барои нашри матлаб дар бораи бастани рӯзнома ва ихроҷи кормандонаш ба додгоҳ кашидааст.

Тибқи иттилои "Kaktus.media", сомонаи "Vb.kg", ки ба нашриёти "Вечерний Бишкек" тааллуқ дорад, 50 миллион сом ҳамчун "ҷуброни зарари равонӣ" талаб кардааст.

Масъулони "Вечерний Бишкек" гуфтаанд, хабари "Kaktus.media" ҳақиқат надорад ва нашрия фаъолияташро идома медиҳад.

Муассиси "Kaktus.media" Дина Маслова дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, даъвои "Вечерний Бишкек" асос надорад, зеро дар бораи баста шудани нашрия худи кормандонаш ба онҳо хабар додаанд.

XS
SM
MD
LG