"Бино ба гуфтаи гумонбарон, онҳо фармоишро тариқи Интернет қабул кардаанд ва фармоишгар ҳам пулро ҳаминтариқ пардохт намудааст", - омадааст дар иттилоияи пулис.
Вазорати умури дохилии Қазоқистон як рӯз пеш гуфта буд, ки мошини рӯзноманигор "барқасдона" оташ зада шудааст.
Егеубоева шаби 14 январ хабар дод, ки афроди ношинос мошини ӯро оташ задаанд. Рӯзноманигори қазоқ се ҳафта пеш ҳамроҳ бо чанд фаъоли дигари маданӣ эълом карда буданд, ки блоки "Алтынши Кантар" (шашуми январ)-ро таъсис дода, барои иштирок дар интихоботи пешазмуҳлати маҷлис аз ҳавзаҳои якмандатӣ омодагӣ мебинанд.