Ба навиштаи маркази матбуотии президенти Узбекистон, дар ҷаласаи рӯзи 16 январ роҳбарони ҳамаи сатҳҳои шаҳри Тошканд барои омода набудан ба вазъи кунунӣ танқид шудаанд.
Ба вижа, теъдоди иншооти худсарона сохташуда ба бештар аз 250 адад расида, нақшаи куллии шаҳр то кунун тасдиқ нагардидааст.
Аммо Ортиқхоҷаев "барои баҳои дуруст надодани вазъи кунунӣ ва омода нашудан ба зимистон" аз мақом барканор гардидааст. Бахтиёр Раҳмонов, муовини аввали шаҳрдор иҷрокунандаи вазифаи раис таъйин гардидааст.
Ба ҷуз аз раиси Тошканд, ҳамчунин муовини вазири энержӣ, раиси ширкати "Иссиклик электр стансияларӣ", роҳбарони ноҳияҳои Юнусобод, Мирзо Улуғбек, Учтеппа аз мақомҳояшон барканор ва то ба сатҳи иҷрокунандаи вазифа пойин оварда шудаанд.
Ба мақомоти додситонӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти роҳбарони мазкурро санҷад.
Ортиқхоҷаев моҳи апрели соли 2018 шаҳрдори Тошканд таъйин шуда буд.