Ссылки доступа

Коршикании кормандони "KKS-Sicim" дар ғарби Қазоқистон


Садҳо корманди ширкати "KKS-Sicim" субҳи рӯзи душанбе дар кони Қарачағанак, дар наздикии шаҳри Оқсайи вилояти Қазоқистони Ғарбӣ бо талаби 50 дарсад боло бурдани маошашон коршиканӣ карданд.

Яке аз коргарон, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, дар ин коршиканӣ “ҳудуди ҳазор” корманд иштирок мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, мардум дар кӯча, дар назди коргоҳи корхона ҷамъ шудаанд. Кормандони норозӣ соли гузашта низ масъалаи ҳаҷми маошро матраҳ карда буданд, вале он замон "масъала аз 10 дарсад боло бурдани маош фаротар нарафт".

Як корманди дигар низ ба шарти ифшо нашудани номаш изҳор дошт, ки тамоми коргарони ширкат ба эътироз баромаданд. Ба гуфтаи ӯ, ба ҳисоби миёна кормандон вобаста ба ихтисосашон аз 180 то 250 ҳазор танга (400-550 доллар) маош мегиранд.

Бино ба хабарҳо, намояндагони ширкат барои машварат бо раҳбарияти худ ба вилояти Атирауи Қазоқистон рафтаанд. Аммо ин хабар расман тасдиқ намешавад.

"KKS-Sicim" ширкати муштараки қазоқӣ-итолиёвӣ буда, бо бунёди хатти лӯлаи газ ва нафт машғул аст.

XS
SM
MD
LG