Ссылки доступа

Узбекистон интиқоли барқро ба Афғонистон муваққатан қатъ кард


Узбекистон интиқоли барқро ба Афғонистон рӯзи 15 январ муваққатан қатъ кард. Дар ин бора телевизиони TOLOnews хабар дод.

Сафиуллоҳ Аҳмадзай, намояндаи ширкати миллии барқи Афғонистон "Брешна" гуфт, ки бо ҷониби Узбекистон дар бораи барқарории интиқоли барқ гуфтугӯ доранд.

Ду ҳафта пеш Узбекистон шартномаи интиқоли барқро ба Афғонистон тамдид кард. Бино ба шартнома, Тошканд дар мавсими зимистон ба Афғонистон бояд 450 МВт неруи барқ фиристад.

Сокинони шаҳри Кобули Афғонистон аз камбуди барқ ранҷ мекашанд. Дар Узбекистон низ дар пайи сардиҳои касобиқа камбуди энержӣ мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG