Ссылки доступа

Марги ҳамсари Қурмонбек Боқиев - президенти пешини Қирғизистон. Ӯро дар ватанаш дафн мекунанд


Нозгул Толомушова, ҳамсари президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев фавтидааст.

Толомушоваи 47-сола бар асари беморӣ дар шаҳри Мински Белорус фавтидааст. Пайвандонаш ба дафни вай дар деҳаи Казармани вилояти Ҷалолободи Қирғизистон омодагӣ мебинанд. Маълум нест, ки Қурмонбек Боқиев дар маросими дафн ширкат хоҳад кард ё на.

Расонаҳои қирғизистонӣ менависанд, ҷасади Толомушова ба Қирғизистон оварда шудааст.

Нозгул Толомушова соли 2016 мудири меҳмонхонаи "Отел Минск" таъйин шуд. Ин меҳмонхона ба раёсати корҳои президенти Белорус тааллуқ дорад. Толомушова солҳо пеш дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки аз соли 1995 бо Қурмонбек Боқиев зиндагӣ дорад ва онҳо 2 фарзанд доранд.

Боқиев дар натиҷаи инқилоби моҳи марти соли 2005 дар Қирғизистон сари қудрат омад ва дар инқилоби апрелии соли 2010 аз қудрат ронда шуд. Дар эътирозҳои зидди ҳукумати Боқиев 90 кас кушта шуданд. Боқиев ҳамроҳ бо хонаводааш Қирғизистонро тарк ва дар Белорус паноҳанда шуд.

Боқиевро дар Қирғизистон ғоибона 30 сол зиндонӣ кардаанд. Писаронаш Максим ва Марат, бародараш Жаниш низ ғоибона ба солҳои гуногун ҳабс шудаанд.

XS
SM
MD
LG