Ссылки доступа

Узбекистон таътили зимистонаи донишомӯзонро дароз кард


Мақомоти баъзе аз минтақаҳои Узбекистон тасмим гирифтаанд, ба далели идома ёфтани сардиҳо таътили зимистонаро дар мактабҳо то 23 январи имсол дароз кунанд.

Расонаҳои маҳаллии Узбекистон хабар додаанд, ки дарс дар мактабҳои Қарақалпоқистон, шаҳри Тошканд, вилоятҳои Тошканд, Андиҷон, Бухоро, Сурхандарё ва Хоразм рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда оғоз мешавад.

Вазорати таҳсилоти томактабӣ ва мактабии Узбекистон гуфтааст, масъалаи муваққатан ҷорӣ намудани омӯзиши онлайниро баррасӣ мекунад.

Таътили зимистона дар мактабҳои Узбекистон қаблан ҳам ба далели сардиҳои ғайриоддӣ тамдид шуда буд.

XS
SM
MD
LG