Ссылки доступа

Раиси вилояти Қазоқистони Ғарбӣ талаби кормандони "KKS-Sicim"-ро ғайриқобили қабул хонд (видео)


Раиси вилояти Қазоқистони Ғарбӣ Нариман Турегалиев талаби кормандони ширкати "KKS-Sicim"-ро, ки мехоҳанд моҳонаашон то 50 дарсад боло бурда шавад, ғайриқобили қабул номидааст.

"Ба ҷуз аз шартномаи коллективӣ, миёни корфармо ва коргар қарордоди дуҷониба вуҷуд дорад. Он 50 ё 100 дарсад зиёд кардани маошро пешбинӣ намекунад. Дар қарордод танҳо 20 дарсад зиёд шудани маош пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, талаби онҳо ғайриқобили қабул аст", - изҳор дошт Турегалиев 17 январ, баъди ҷаласаи ҳукумати Қазоқистон дар посух ба суоли хабарнигорон.

Ба гуфтаи ӯ, маоши миёнаи корманди "KKS-Sicim" дар ҳоли ҳозир 280 танга (тақрибан 600 доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад. "Баландтарини маош дар ин корхона то 800 ҳазор танга (ҳудуди 1700 доллар) мебошад", - афзуд ӯ.

Раиси вилояти Қазоқистони Ғарбӣ гуфт, агар кормандони ширкат ба 20 дарсад боло бурдани маошашон розӣ нашаванд, гуфтугӯро идома медиҳанд.

Садҳо корманди ширкати "KKS-Sicim" субҳи рӯзи душанбе дар кони Қарачағанак, дар наздикии шаҳри Оқсайи вилояти Қазоқистони Ғарбӣ бо талаби 50 дарсад боло бурдани маошашон коршиканӣ карданд.

XS
SM
MD
LG