Рӯзи сешанбеи 17 январ дар доираи сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Сингапур мулоқоти вай бо президенти Сингапур Ҳалима Яъқуб ва сарвазири он кишвар Ли Сян Лун баргузор шуд.
Саммити Узбекистону Сингапур бо мулоқоти расмии сарони ду кишвар дар қасри "Истана"-и президенти Сингапур сурат гирифт.
Дар идомаи ин мулоқот маросими ба ифтихори Мирзиёев номгузорӣ кардани навъи нави гули орхидея - рамзи миллии Сингапур сурат гирифт.
Хабаргузориҳо навиштанд, ки ба далели буҳрони энержӣ дар Узбекистон сафари Мирзиёев ба Сингапур аз 3 ба 1 рӯз ихтисор шуд.
Ба ифтихори президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Сингапур навъи нави орхидеяро номгузорӣ карданд.