Ссылки доступа

Аъзои гуруҳи ҷиноии қирғизистониро дар Москва бо гумони одамрабоӣ боздошт карданд


Дар Москва чаҳор шаҳрванди Қирғизистонро боздошт карданд, ки дар рабудани як ҳамватани худ гумонбар мешаванд.

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Қирғизистон, боздоштшудаҳо шаби 11 январ як шаҳрванди Қирғизистонро иҷборан ба мошин шинонда, латту кӯб ва маблағҳояшро рабудаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса мақомоти пулиси Москва парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, ин ягона ҳамлаи гуруҳи ҷиноӣ ба ҳамватанонашон набуда, айни замон афроди дигаре ҷустуҷӯ мешаванд, ки аз дасти онҳо зиён дидаанд.

XS
SM
MD
LG