Ссылки доступа

Дар Қазоқистон як сарбоз ҳангоми чатрбозӣ ҷон бохтааст


Вазорати дифои Қазоқистон хабар додааст, ки як сарбоз 18 январ ҳангоми тамрин ва парвоз бо парашют дар наздикиҳои шаҳри Остона ҷон бохтааст.

"Сабабҳои рух додани ҳодиса муайян карда мешавад. Тафтишот шуруъ шудааст", - омадааст дар иттилоияи расмии вазорат.

Хадамоти матбуотии вазорат афзуда, ки ин сарбоз баҳори соли 2022 аз Қарағандаи Қазоқистон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуда буд. Манбаъ ваъда додааст, ки ба хонаводаи сарбоз кумаки лозимӣ расонида мешавад.

Дар Қазоқистон аз аввали соли гузашта зиёда аз даҳ сарбоз мешавад, ки ҳангоми хидмат дар сафи артиш ҷон медиҳанд. Ҳамаи онҳо сарбозони қаторӣ ё дорои рутбаҳои паст ҳастанд.

XS
SM
MD
LG