Ссылки доступа

Боздошти боз як блогер дар Душанбе


Маъмурони милиса дар Душанбе як блогери дигарро дастгир кардаанд.

Раёсати умури дохилии пойтахт рӯзи 17-уми январ дар хабарномае гуфт, Ҳабибулло Ҳимматзодаи 21-сола "дар Инстаграм ба паҳн кардани наворҳои таҳқиромез ва пур аз дашному алфози қабеҳ машғул аст".

Назари Ҳимматзода ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест. Рӯшан нест, ӯ дар саҳифааш дар Инстаграм чӣ гуфта. Мақомот дар ин бора ҷузъиёт надоданд. Ба иттилои расмӣ, Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт блогерро ба 5 рӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст.

Дар моҳҳои охир чандин блогер барои, ба гуфтаи мақомот, "истифодаи алфози қабеҳ ва бадахлоқона" боздошт шуданд. Аксари онҳо 10 то 15 рӯз дар ҳабс монданд.

Боздошти блогерон баҳсҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Як гуруҳ аз рафтори мақомот ҷонибдорӣ карданд, вале иддае дигар онро поймол кардани ҳуқуқи инсон номиданд.

XS
SM
MD
LG