Ссылки доступа

Дар Қирғизистон гуфтанд, ширкати мобилии Mega дар ихтиёри давлат боқӣ мемонад


Эрбол Султонбоев, сухангӯи президенти Қирғизистон сару садоҳо атрофи ширкати мобилии Mega-ро шарҳ дод.

Ба гуфтаи Султонбоев, ширкати Mega ба рӯйхати иншооте шомил шудааст, ки хусусӣ гардонида мешаванд. Султонбоев ҳамзамон гуфт, ширкати мазкурро ё Бонки миллӣ ва ё Бонки давлатии рушд харидорӣ хоҳанд кард.

"Тасмими ниҳоиро девони вазирон қабул хоҳад кард, яъне ширкат дар ихтиёри давлат боқӣ хоҳад монд ва барои пур кардани буҷа саҳм хоҳад гузошт. Ба ин тартиб, ширкат ба ҳеч ваҷҳ ба ихтиёри афроди алоҳида ва ё ширкатҳои хориҷӣ фурӯхта нахоҳад шуд", - гуфт Эрбол Султонбоев.

Қимати ширкати мобилии Mega-ро 14-15 млрд сом арёзбӣ мекунанд.

Ҳукумати Қирғизистон чанд маротиба талош кард, ки ин ширкатро фурӯшад. Баъди инқилоби сои 2010 ҳукумати вақти Қирғизистон 49% саҳмияҳои ширкатро миллӣ гардонид. Соли 2014 ширкат комилан давлатӣ шуд.

XS
SM
MD
LG