Ссылки доступа

Боздошти мудири фирории ширкати тилои "Кумтор Голд Компани"-и Қирғизистон


Канат Курманов, иҷрокунандаи пешини вазифаи мудири ширкати тилои "Кумтор Голд Компани"-и Қирғизистон рӯзи 14 январ ҳангоми талоши парвоз аз фурудгоҳи "Манас"-и Бишкек боздошт шуд. Вай дар пайгард қарор дошт.

Аз додситонии кулли Қирғизистон хабар доданд, ки Курманов ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Моҳи сентябри соли 2022 додситони кулли Қирғизистон баъди тафтишти фаъолияти ширкати "Кумтор Голд Компани" 3 парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Ба иттилои тафтишот, ширкат ба давлат дар ҳаҷми қариб 1 млрд сом зарар расонидааст. Чанд масъули ширкат дар доираи парвандаҳои мазкур боздошт шуда буданд.

Мудири иҷроияи пешини ширкат Канат Курманов дар "Вайрон кардани меъёрҳои ҷамъияти саҳҳомӣ" айбдор ва дар пайгард эълом шуд. Нисбати вай ҳабси пешакӣ содир гардида буд.

Бино ба иттилои расонаҳо, Канат Курманов шаҳрванди Қазоқистон аст. Ӯро баҳори соли 2021 барои мудирияти ширкат даъват карда буданд.

XS
SM
MD
LG